Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқномаи ҳамкориҳои ИМА ва Афғонистон ниҳоӣ шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида (рост) бо ҳамтои афғонияш Ҳомиди Карзай (чап).

Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида (рост) бо ҳамтои афғонияш Ҳомиди Карзай (чап).

Мақомоти амрикоӣ ва афғонӣ аз ниҳоӣ шудани пешнависи санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар хабар доданд.

Гуфтугӯ бар сари имзои санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрико аз ҳудуди як сол ба ин тараф идома дошт ва саранҷом рӯзи якшанбеи 22-юми апрел ниҳоӣ шуд.

Сухангӯи сафорати Амрико дар Кобул рӯзи якшанбе дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, пас аз баҳсҳои тӯлонӣ, пешнависи ин санад таҳия гардид. Сухангӯи сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул ҳамчунон гуфтааст, пешнависи ин санад ба Конгресси кишвар фиристода мешавад ва дар ниҳоят барои мутолиаи раисиҷумҳури Обама пешкаш мегардад.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Афғонистон пас аз кори зиёд саранҷом барои имзои санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар наздиктар шуданд. Пешнависи ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар имрӯз аз сӯи Рангин Додфар Спанто, мушовири амнияти миллии раёсати ҷумҳури Афғонистон ва Ройн Крокар, сафири Амрико дар Кобул таҳия шуд. Пас аз ин Афғонистон ва Амрико дар дохили ин кишварҳо дар мавриди ин санад баҳс ва машварат мекунанд",-афзудааст ӯ.

Сухангӯи сафорати Амрико дар Кобул гуфт, онҳо талош мекунанд то санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар дар ҷараёни нишасти Чикаго дар моҳи майи соли ҷорӣ ба имзо бирасад. Аммо гуфта шудааст, ки масъалаи эҷоди пойгоҳҳои низомии Амрико дар Афғонистон бар асоси тавофуқи ду тараф дар ин санад шомил нест.

Гуфта шудааст ба хотири арзиши қонунии ин санад, таъйиди он аз сӯи Шӯрои миллии Афғонистон зарур аст. Қарор аст, имрӯз - 23-юми апрел вазири умури хориҷии Афғонистон дар мавриди пешравиҳои тоза дар хусуси ин санад миёни Афғонистон ва Амрико, ба аъзои Шӯрои миллӣ маълумот диҳад.

Пешнависи санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрико дар ҳолест, ки мақомҳои афғонӣ ва амрикоӣ ахиран дар мавриди ду монеаи асосӣ дар баробари имзои ин санад ба тавофуқ расиданд. Амрико мувофиқат кардааст, ки амалиёти вижа, ба шумули амалиёти шабона ва масъулияти контроли зиндони Багром ба ҳукумати Афғонистон супурда шаванд.

Масъалаи мушаххас шудани миқдори кӯмакҳои молии Амрико пас аз соли 2014 бо Афғонистон дар ин санад низ, аз монеаҳои дигар хонда шудааст.

Яке дигар аз монеаҳо дар баробари имзои ин санад, арзиши ҳуқуқии он аст. Ҳукумати Афғонистон мехоҳад ин санад дар чаҳорчӯби як паймон миёни Афғонистон ва Амрико имзо шавад. Аммо мақомҳои амрикоӣ дар гузашта гуфтаанд, онро дар чаҳорчӯбаи як эъломия ба имзо мерасонанд. То ҳол маълум нест ҳукумати Афғонистон ва Амрико дар ин маврид ба тавофуқ расидаанд ё на.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG