Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сагҷанг: Тафреҳи инсону озори ҳайвон...


Сагҷанг дар Афғонистон.
Сагҷанг дар Афғонистон.

Ҷанг андохтани ҳайвонот монанди сагу мурғ дар Афғонистон гузаштаи куҳан дорад.

Сагҷанг, яке аз одатҳо дар байни бархе аз афғонҳост, ки ба як расми тафреҳ ва хушгузаронӣ мубаддал шудааст. Агарчӣ дини Ислом ва ҳуқуқи башар ин корро ҷоиз намедонанд, аммо ҳанӯз ҳам ба шумули Кобул ва дар бисёре аз вилоятҳои ин Афғонистон сагҷанг ва ҷанги паррандаҳо идома доранд.

Нурмуҳаммад, ки феълан дар Кобул зиндагӣ мекунад, аз 26 сол ба ин тараф сагҳои ҷангиро тарбия карда ва ба ҷанг омода месозад. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, омода сохтани ин сагҳо ба ҷанг заҳмати зиёд металабад ва харҷи моҳонаи як саги ҷангӣ баробари як хонавода аст.

"Почаи говро ҳамроҳи устухонҳо хуб пухта ва аз тарафи субҳ ба саг медиҳем. Ин як шавқ аст ва рисқи инсону сагро Худо медиҳад”,-афзуд вай.

Ҷанг андохтани ҳайвонот, бахусус, саг маъмулан дар фасли зимистон сурат мегирад. Алоқамандони ин кор рӯзҳои ҷумъа дар манотиқи Бодомбоғ ва Чамани шаҳри Кобул ва бархе аз вилоятҳо гирди ҳам омада ва ба ҷанг андохтани саг, мурғ ва дигар ҳайвонот мепардозанд. Барои ҷанг аз сагҳои бисёр бузург истифода мегардад ва ин сагҳо ба ҷони ҳам уфтода, якдигарро пораву хунолуд месозанд.

Ба қавли яке аз алоқамандони сагҷанг дар Афғонистон, бисёре аз қумондонҳо ва афроди баландпояи кишвар низ ба ин кор майл дошта ва садҳо ҳазор пули афғониро ба шарт мегузоранд. Дар айни ҳол, бисёре аз мардуми Афғонистон ҷанг андохтани ҳайвонотро як амали зишт дониста ва мехоҳанд, то аз ин кор ҷилавгирӣ шавад.

Шамсуллоҳ Аҳмадзай, раиси дафтари Кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон дар Кобул дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, аз давлати ин кишвар хостааст, то барои ҷилавгирӣ аз ҷанг андохтани ҳайвонот бояд иқдоми ҷиддӣ бигирад.

"Набояд инсон аз озору азияти як ҳайвон лаззат бибарад, зеро дар натиҷаи ин ҷанг як тараф ҳатман маҷрӯҳ мешавад. Расонидани дард ва захм ба ҳайвон набояд сабаби хушии инсон гардад. Орзумандам, ки дар қисмати мубориза бо ин ривоҷҳое, ки боиси азияту озори ҳайвонот ва паррандаҳо мегардад, давлат ҷилавгирӣ кунад",-гуфт Аҳмадзай.

Масъулони вазорати иршод ва ҳаҷҷи Афғонистон нақши мулло-имомони масоҷидро дар поён додан ба одати ҷанг андохтани ҳайвонот муассир дониста ва мехоҳанд, то онҳо ба ҳангоми хутбаҳояшон аз зишт будани ин кор таблиғ кунанд.
XS
SM
MD
LG