Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи Фаронса Ҳолланд аз Саркозӣ пеш гузашт


Бино бар натиҷаи пешакии расмӣ дар интихоботи президентии Фаронса рӯзи якшанбе номзади сотсиалистҳо Франсуа Ҳолланд бо 27,5 дарсади раъйҳо пешсаф буда, раисиҷумҳури феълӣ, муҳофизакор Николас Саркозӣ 26,6 дарсад раъй гирифтааст. Ҳарду номзад рақобатҳоро дар даври дувуми интихобот ,6-уми май идома хоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки танҳо сеяки баргаҳои раъй шумурда шудаанд. Номзади дастиростӣ Мари Ле Пен дар ҷои савум буда, 20 дарсад раъй гирифтааст. Гуфта мешавад, дар раъйдиҳӣ зиёда аз 80 дарсади интихобкунандагон ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG