Пайвандҳои дастрасӣ

Чой нӯшокии миллии Ҳиндустон эълон мешавад


Ҳиндустон чойро нӯшокии миллии худ эълон кард. Қарор аст, мақоми давлатии чой рӯзи 17-уми апрели соли 2013 дар солрӯзи аввалин чойпарвари ҳинд эълон шавад. Ҳиндустон дар тавлид ва истеъмоли чой баъд аз Чин дар ҷаҳон ҷои дувум аст ва 83 дарсади хонаводаҳои он мунтазам чой менӯшанд. Чой баъд аз об дар ҷаҳон дувумин арзонтарин нӯшокист.
XS
SM
MD
LG