Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба шарофати видеогузориши Радиои Озодӣ ду саҳна аз филми “Як рӯз дар рӯйи Замин” ба Тоҷикистон бахшида шуд.

Нахустнамоиши филми “Як рӯз дар рӯйи Замин” дар Токио сар шуд ва дар давоми рӯзи 22-юми апрел пас аз як сайри ҷаҳонӣ дар Лос-Анҷелес ба поён расид. Садҳо ҳазор нафар дар зиёда аз 170 кишвар дар як рӯз ин филми нодирро тамошо карданд, ки ҳамчунин ду саҳна аз Тоҷикистонро дар қиссаш ҷой додааст.

Филм рӯйдодҳои як рӯз -- 10-уми октябри соли 2010 (яъне 10.10.10)-ро дар саросари ҷаҳон ба забони байнулмилалии синемо бозгӯ мекунад ва канори ҳам гузоштани ҳаводиси як рӯзи мардумони кишварҳои гуногун ба таҳқиқи сарнавишти инсон ва табиат, мушкилҳои муосири аҳли башар, хушбахтию бадбахтиҳои ҳамсони одамон, ҷустуҷӯи арзишҳои ҳақиқии зиндагӣ табдил меёбад. Дар огаҳии филм гуфта мешавад, ки вазифаи асосии он нишон додани як рӯз аз ҳаёти одамони қишрҳои гуногуни давлатҳои сарватманду бенавои ҷаҳон аст.

Коргардон Кайл Раддик соате пеш аз оғози нахустнамоиши ҷаҳонӣ гуфт, “умедвор аст, одамон аз дидани филми “Як рӯз дар рӯйи Замин” хоҳанд дарёфт, ки Замини мо як ҷои азим, муқтадир, гоҳе хатарнок ва гоҳе зебост. Филми мо, қарор аст, ба одамон ёрӣ диҳад, то дарк кунанд, ки ҳаёти онҳо бо ҳаёти ҳамаи сокинони сайёра пайванд аст ва мо, ҳамагон қатъи назар аз тафовутҳоямон, бояд дасти ҳамдигар бигирем.”

Достони филм дар печиши чанд доира сохта шудааст: Субҳ – Таваллуди кӯдак – Наврасӣ -- Оғози ҳаракати рӯзона -- Омӯзиш, Нимирӯзӣ – Ҷавонию Ишқ – Кору Иқтисодиёт, Табиат – Гашти рӯз – Фароғат – Ҳунар, Шом – Ҷангу ноамниҳо – Солмандӣ – Андешмандӣ – Омодагӣ ба марг. Аммо таҷлил аз зодрӯзи як кӯдаки маъюб ва насби сафинаи кайҳонӣ ба Истгоҳи Байнулмилалии Кайҳонӣ сари гардишҳо доираҳоро ба ҳам васл мекунанд.

Таҳияи ин филм низ як кори ҷаҳонӣ буд, ки ёздаҳ моҳ пеш бо муроҷиати филмсоз Кайл Раддик ва продюсер Брэндон Литман ба мардум оғоз ёфт. Ду ҷавони пӯё аз аҳли ҷаҳон хостанд, то рӯйдодҳои як рӯзи худро ба видео гиранд ва ба онҳо фиристанд. Зиёда аз 19 ҳазор нафар дар видеогирӣ ширкат кард ва беш аз 3000 соат филм ҷамъоварӣ шуд. Илова ба ин аз журналистону филмсозон низ хоста шуд, дар сохтани “Як рӯз дар рӯйи Замин” саҳм бигиранд. Барномаи рушди Созмони Милал аз намояндагиҳои худ дар кишварҳои дурдаст дархост кард, ба филмсозон мадад ва наворҳоеро, ки дар рӯзи 10-уми октябри соли 2010 сабт шудаанд, ҷамъоварӣ кунанд. Аз ҳамин роҳ гузориши видеоии корманди Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Бароти Юсуфӣ, ки дақиқан дар ҳамон рӯз аз заҳмати тоҷикон дар ғунучини пахта бардошта шудааст, ба дасти Раддик ва Литман афтода, ба яке аз саҳнаҳои муассири филм табдил гашт.

Мудири Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Соҷидаи Мирзо, ки дар нахустнамоиши ҷаҳонии “Як рӯз дар рӯйи Замин” дар Академияи Синемои Ҷумҳурии Чех ширкат дошт мегӯяд: ”Таассуроти зиёд ва мусбат гирифтам. Дар як филм гунҷондани тамоми дунё ва ба як нафас ошно кардани бинанда бо мардумони гуногун кори ҷолибе буд. Мусиқии халқҳои гуногун дар филм ба ҳам пайванд ёфта буд ва нишон медод, кибо вуҷуди зарбу лаҳнҳои гуногун, метавонанд ҳама ҳамоҳанг шаванд. Албатта, чизе ки бештар аз ҳама бароям хуш омад, дидани номи ҳамкорамон Бароти Юсуфӣ, номи Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва номи RFE/RL бароям ифтихор дошт ва ҳам ин нукта, ки кори хуб шинохта ва қадрдонӣ мешавад. Ба воситаи мо буд, ки номи Тоҷикистон ва саҳнаҳои ҳаёти мардуми тоҷик дар ин филми ҷаҳонӣ ҷой дода шуд.”


Нахустнамоиши филм рӯзи 22-юми апрел дар “Хонаи Кино”-и Душанбе низ баргузор шуд. Ҳамчунин дар Ню Йорк, дар Маҷмаи умумии Созмони Милал. Продюсери филм Брэндон Литман гуфт, “ташкили нахустнамоиши ҷаҳонӣ хеле заҳматталаб буд. Танҳо ба Эрон расондани он шаш ҳафта вақт гирифт.”

Иттифоқан, яке аз саҳнаҳои ҷолиби филм дар Эрон наворбардорӣ шудааст. Марде аз манзараҳои шабонгоҳии Теҳрон ситоиш мекунад ва мегӯяд, онҳоро дӯст медорад, аммо чашмонаш пур аз ғаманд. Маълум мешавад, субҳи он рӯз, яъне 10-уми октябри соли 2010 писари ӯро мошин задааст, ҷарроҳӣ хеле гарон аст ва ӯ аз чандин нафар кӯмак хоставу дасти холӣ баргаштааст ва мегӯяд: “Ман шодам, ки касе маро ба навор мегирад ва шояд касе қиссаи маро аз ин филм бубинад ва барояш дарс шавад...”

Гузориши видеоии Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар филми "Як рӯз дар рӯйи Замин" истифода шудааст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG