Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами навбатии мухолифон дар Озарбойҷон


Садҳо нафар аз норозиён дар тазоҳуроте дар Боку истеъфои раисиҷумҳури Озарбойҷонро талаб карданд.

Ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи давлати Озарбойҷон, ки дар эътилофи "Палатаи иҷтимоӣ" муттаҳид гаштаанд, дар як тазоҳурот дар пойтахти ин кишвар хостори истеъфои ҳукумат шуданд. Онҳо гуфтанд, ҳукумати раисиҷумҳур Илҳом Алиев натавонистааст, барномаи ислоҳоти иқтисодиро ба ҳадаф расонад ва қишри камбизоати Озарбойҷон дар шароити сангин ба сар мебарад.

Раҳбари Ҳизби "Мусовот" Исо Қамбар гуфт, мардум барои он ба майдон баромаданд, ки хостори озодиянд, то худ мушкилҳои кишварро ҳал кунанд. Мақомоти давлатӣ на иқрор мекунанд, ки коре карда натавонистанд ва на ба дигарон имкон медиҳанд, ки масъалаҳои кишварро ҳал кунанд.

Мухолифон ҳамчунин мақомоти шаҳрдориро айбдор карданд, ки дар баргузории гирдиҳамоӣ монеаҳои гуногун эҷод кардаанд. Аз ҷумла, раиси ҳизби Ҷабҳаи миллии Озарбойҷон Ҳасан Каримов дар гирдиҳамоӣ гуфт, дар рӯзи тазоҳурот ҳаракати нақлиёт ба гунае роҳандозӣ шуд, ки мардум ба ҷойи баргузории он омада натавонанд. Ҳукумат ҳамчунин ширкати афроди то 18-соларо дар ин тазоҳурот манъ кардааст.



Тоҳира Пошшоева, яке аз ширкаткунандагони тазоҳурот гуфт, барои он ба майдон баромадааст, ки "музди кор танҳо барои пардохти нархи барқ ва газ мерасад, ҳарчанд кишвари мо ҳам нафт дорад ва ҳам газ."

Нафари дигар мегӯяд, дар наздикии вокзали Роҳи Оҳан зиндагӣ мекунад ва автобусҳои ин минтақаро нагузоштаанд, ки ба тарафи майдони тазоҳурот ҳаракат кунанд.

Дар поёни ҳамоиш яке аз раҳбарони мухолифон гуфт, аз таҷамӯи мардум дар ин гирдиҳамоӣ хушҳол аст, зеро он нишон медиҳад, ки тарси одамон шикастааст ва раванд идома дошта, тазоҳуроти баъдӣ мардуми бештарро ҷамъ хоҳад овард. Қарор шудааст, ки гирдиҳамоии навбатии аҳзоби мухолиф рӯзи 6-уми май ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG