Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки чой дар кишварашон нӯшокии миллӣ эълон хоҳад шуд. Бино ба гузоришҳои хабарӣ, ки рӯзи якшанбе ба нашр расид, Монтек Сингҳ Аҳлувалия-раиси кумиссиюни барномарезии Ҳиндустон гуфтааст, ки то 17 апрели соли 2013 ба чой мақоми вижа хоҳанд дод. Ин рӯз бо солгарди зодрӯзи нахустин парварандаи растании чой дар минтақаи Ассам баробар аст. Ҳоло Ҳиндустон баъд аз Чин дар тавлид ва истеъмоли чой мақоми дуввумро ишғол мекунад. Дар Чин 83 дарсади аҳолӣ пайваста чой истеъмол мекунанд. Чой баъд аз об арзонтарин нӯшокӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG