Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров дар Душанбе. Бо "кулчақанд" ё гуфтугӯи ҷиддӣ?


Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон (акс аз бойгонӣ)

Сергей Лавров дар ҳоле ба Душанбе меояд, ки ба қавли коршиносон, хостаҳои тарафайн рӯшан аст ва танҳо тасмим мондааст, ки гирифта шавад.

Бино ба бархе гузоришҳо, Русия аз Тоҷикистон барои тамдиди пойгоҳи низомии 201 ва иҷораи фурудгоҳи низомии Айнӣ 49 сол талаб дорад ва ҳам ба даст овардани 75% - и саҳмияи нерӯгоҳи Роғунро мехоҳад. Аммо Тоҷикистон ба ин шартҳо розӣ нест ва шартҳои худро дорад, ки комилан аз хоставу интизороти русҳо мутафовит аст. Бино ба иттилои манобеъи наздик ба ҳукумат, Душанбе тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русияро беш аз 10 сол қабул надорад ва ҳам мехоҳад дар нерӯгоҳи Роғун саҳми асосиро дар ихтиёр дошта бошад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам ошкору рӯшан дар мазҳари ом ба Константин Косачев, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия гуфт, ки Русия ягона шарики стратегии кишвараш аст, вале бояд бо Тоҷикистон ҳамчун шарики баробарҳуқуқ вориди музокирот шавад.

Дар ҳоле, ки посухи тақрибии Душанбе ба Маскав аз қабл маълум аст, Сергей Лавров ба Тоҷикистон чӣ пешниҳодот хоҳад кард? Саймуддин Дӯстов, сарвари созмони Cаймиддин Дӯстов

Cаймиддин Дӯстов

«Индем» мегӯяд, Лавров ба Душанбе бо як бастаи пешниҳодот, ки қаблан ба Қирғизистон низ пешкаш шуда буд, ворид мешавад ва он ҳам боз дар мавриди пойгоҳи низомии 201, фурудгоҳи низомии Айнӣ ва нерӯгоҳи Роғун хоҳад буд.

Оқои Дӯстов афзуд, аммо ин сафар низ «хушку холӣ» хоҳад буд: «Тоҷикистон интизор хоҳад буд, ки масъалаи аэродроми ваъдагии Путин ба НАТО чӣ гуна ҳал мешавад ва пас аз он Узбакистон чӣ гуна тасмимгириҳо мекунад. Пас аз ин Тоҷикистон посухи худро хоҳад гуфт. Дигар, Эмомалӣ Раҳмон ба шарти русҳо дар мавриди 40 сол тамдид кардани будубоши пойгоҳи низомии 201 розӣ буда наметавонад, зеро ин масъала метавонад тақдири сиёсии ӯро ҳал кунад. Ин ҷо Чину Амрико ва Эрон ҳастанд, ки дар ин масъалаҳо интизориҳои худро доранд. Ҳамчунин Узбакистон мунтазир аст, ки дар баробари пойгоҳи русӣ чӣ тасмим гирифта мешавад.»

Оқои Дӯстов гуфт, Тоҷикистон дар ҳоле, ки бо 70 миллион доллари Ҳиндустон фурудгоҳи низомии Айниро таъмир кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ онро ройгон дар ихтиёри русҳо нахоҳад гузошт. Ҳамчунин, ба қавли ӯ, «кулчақанде» аз Лавров коҳиши боҷи гумрукии маводи нафтӣ метавонад бошад, ки баъди ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ворид шудани Русия, ҳатто барои Қирғизистон аҳамияти худро гум мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус мегӯяд, дар ҳоли ҳозир масоили низомӣ миёни Русияву Тоҷикистон дар қиёс бо масоили иқтисодӣ аҳамияти дуюмдараҷа пайдо кардаанд: «Ҳозир хеле муҳим аст, ки ба Тоҷикистон кӯмак расонида шавад, зеро ин кишвар захираҳои кофии нафту газ надорад ва дар ҳолати кунунӣ дар муҳосираи иқтисодии Узбакистон аст. Кӯмак на ба хотири он, ки узви СПАД (ОДКБ) аст, балки ба он хотир, Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус

Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус

ки замоне бо Русия дар як империя қарор дошт. Аз ин чизе бурд ва ҳам бохт. Аз ин хотир, сафари Лавров маънии кӯшиши бозгашт ба дӯстии пешинаро дорад. Албатта, пурра бозгардонда наметавонад, зеро ин ҷо иродаи сиёсии раҳбарияти ду ҷониб зарур аст. Лекин як такон медиҳад, ки ин возеҳу рӯшан аст.»

Қаблан вазорати умури хориҷии Русия ҳамкориҳои Душанбеву Маскавро “дар сатҳи баланд” арзёбӣ карда, гуфта буд, ки гардиши молу коло миёни ду кишвар дар соли 2011-ум 810, 4 миллион долларро ташкил додаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ин рақам дар соли 2010 960 миллион долларро ташкил мекард.

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мегӯяд, сафари Сергей Лавров барои Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир вазъи ногувори иқтисодиву амниятиро аз сар мегузаронад, то ҷое сарнавиштсоз буда метавонад: «Музокирот сатҳӣ намешаванд, хеле ҷиддӣ мешавад. Зеро мавод барои музокира хеле зиёд ҷамъ шудааст. Дар навбати аввал бояд сарнавишти пойгоҳи низомии Русия ҳал шавад. Ин пойгоҳ барои амнияти Тоҷикистон хеле тақдирсоз аст. Дар ҳоли набудани он, кишварҳои ҳамсоя, ки нерӯи даҳчанд зиёди низомӣ доранд, кӯшиши таҷовуз ба хоки Тоҷикистон мекунанд.»

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки Русияву Тоҷикистон аз ҳамдигар хоста ва интизориҳои худро доранд, аммо ҳеҷ бар сари онҳо ба иттифоқи назар намерасанд, мантиқан бо сафари кории Сергей Лавров марҳалаи музокироти худро оғоз мекунанд, ки анҷомаш ба касе рӯшан нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG