Пайвандҳои дастрасӣ

Пагоҳ боздиди дурӯзаи Лавров аз Тоҷикистон оғоз мешавад


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, 23 апрел то нисфирӯзӣ Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия барои боздиди корӣ вориди Душанбе хоҳад шуд.

Давлат Назриев-сухангӯи вазорат дар таъйиди ин хабар гуфт, рӯзи душанбе як ҳайати Русия таҳти сарварии Сергей Лавров ба Душанбе меояд. Вай афзуд, пас аз зуҳр дар мулоқоти Сергей Лавров ва Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои кунунии миёни ду кишвар баррасӣ мешавад.

Мулоқоти Сергей Лавров бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 24 апрел барномарезӣ шудааст.

Ин боздид дар марҳалае анҷом мегирад, ки муносиботи Русияву Тоҷикистон сард шудааст ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз наҳваи ҳамкориҳои Русия бо “шарики стротегиаш” интиқод кард.

Вазорати умури хориҷии Русия ҳамкориҳои Душанбеву Маскавро “дар сатҳи баланд” арзёбӣ карда ва гуфтааст, нишондодҳои гардиши молу коло миёни ду давлат дар соли 2011-ум 810,4 миллион долларро ташкил додааст. 720, 4 миллион доллари он содироти моли Русия ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG