Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти нафти Ироқ ба дараҷаи рекордӣ расид


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки дар моҳи март содироти нафт дар ин кишвар 15 дарсад боло рафтааст ва он дар 23 соли ахир назир надоштааст. Осим Ҷиҳод-сухангӯи вазорати нафти Ироқ гуфт, моҳи феврал содирот дар як рӯз 2,01 миллион бушка будаст ва дар моҳи март ба 2,31 миллион расидааст. Фурӯши нафт дар моҳи март тақрибан 8,4 миллиард долларро ташкил додааст. Ҳафтаи гузашта таҳлилгарон гуфтанд, ки то охири сол Ироқ рекорди содироти нафтро нигоҳ медорад. Содироти зиёди нафт мумкин аст дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи онро аз болоравӣ нигоҳ дорад. Ҳоло як бушка нафт 120 доллар арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG