Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дар Ҳумси Сурия қароргоҳи оташбас боз кард


Ду нозири оташбаси СММ дар Сурия рӯзи якшанбе баъд аз боздид аз шаҳри Ҳумс қароргоҳи худро дар ин шаҳри ҷангзада боз карданд. Дар як навори видеоӣ боздиди нозирон аз хиёбонҳо ва биноҳои харобшудаи ин шаҳр нишон дода мешавад. Баъд аз моҳҳо даргирӣ ва оташи нируҳои давлатӣ ин шаҳр хеле осеб дидааст. Дирӯз Шӯрои Амнияти СММ истиқрори 300 нозири оташбаси СММ дар Сурияро ба тасвиб расонд. Аз сӯи дигар, аз Сурия дар бораи тирандозиҳо дар атрофи шаҳри Димишқ-пойтахти ин кишвар гузоришҳо мерасад.
XS
SM
MD
LG