Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Ироқ аз Эрон боздид мекунад


Нурӣ ал Моликӣ

Нурӣ ал Моликӣ

Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ барои боздиди дурӯза дар Теҳрон-пойтахти Эрон қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки моҳи оянда роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон дар Бағдод мулоқоти кишварҳои 5 бар иловаи як (5+1) баргузор мешавад. Дар ҷараёни ин боздид оқои Моликӣ бо Маҳмуд Аҳмадинажод-раиси ҷумҳур, бо Алӣ Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Эрон ва бо Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ду соли ахир бори аввал нахуствазири Ироқ аз Эрон боздид ба амал меорад ва он ҳам дар остонаи мулоқоти 6 кишвари абарқудрати ҷаҳон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG