Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ниёиши мардумӣ дар Русия барои дифоъ аз мазҳаб


Раҳбарони калисои Православи Русия аз калисоҳои Православ хостаанд, ки “барои дифоъ аз мазҳаби худ” имрӯзро чун рӯзи ниёиш ё дуои мардумӣ сипарӣ кунанд. Ин тадбир дар посух ба як силсила беэҳтиромиҳо нисбат ба калисо анҷом мегирад, ба вижа баъд аз рӯйдоди 21 феврал, яъне баъд аз вуруди маҷбурии духтарон аз гурӯҳи Pussy Riot ба Маъбади Исои Масеҳи Наҷотбахш. Ин гурӯҳ ҳоло дар боздошт қарор дорад ва барои авбошӣ бояд муҳокима шавад. Қарор аст дар маросими ниёиш даҳҳо ҳазор нафар аз минтақаҳои мухталиифи Русия низ ширкат кунанд. Барои таъмини назму субот 14 ҳазор нафар нируҳои пулис ва артиш сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG