Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Фаронса райдиҳӣ идома дорад


Дар Фаронса райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар идома дорад. Бино ба натиҷаи назарпурсиҳо, Франсуа Ҳолланд-номзади Ҳизби Сотсиалист нисбат ба Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури кунунӣ дар сафи пеш қарор дорад. Дар Фаронса 44 миллион нафар мардуми қобили рай сабти ном шудаанд, вале бисёре аз райдиҳандагон гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат нахоҳанд кард, зеро ҳеҷ як аз номзадҳо натавонистаанд барои рафъи мушкилиҳои зист, аз қабили бекорӣ барномаҳои мушаххас пешниҳод кунанд. Агар Франсуа Ҳолланд битавонад 6 май дар даври дуввуми интихобот бар Никола Саркозӣ пирӯз шавад, дар он сурат вай баъд аз Франсуа Миттеран аваалин раиси ҷумҳури сотсиалистҳо хоҳад буд. Миттеран соли 1995 курсии раёсатро тарк кард. Райдиҳӣ то соати 18 вақти Фаронса давом мекунад. Баъд аз ин интихобот моҳи июн дар Фаронса интихоботи порламонӣ дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG