Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, Туркияро «кишвари душман» номид, ки дорои аҳдофи мазҳабӣ дар минтақа аст.

Ин суханони Моликӣ марҳилаи нав аз ҷангҳои лафзӣ миёни мақомоти Ироқ ва Туркия мебошад.

Суханони нахуствазири Ироқ дар посух ба гуфтаҳои пешини Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия эрод шуд, ки Моликиро ба шӯълавар кардани оташи таниши тоифавӣ миёни шиаиён, сунниҳо ва курдҳо дар Ироқ бо «сиёсатҳои худхоҳона» муттаҳам карда буд.

Моликӣ дар суханоне, ки дар саҳифаи интернетии худ нашр кардааст, суханони Эрдуғонро дахолате ошкор дар масоили дохилии Ироқ донистааст. Ӯ афзудааст, ки суханони Эрдуғон боиси танишҳои тоифавӣ дар минтақа мешавад ва идомаи ин сиёсатҳо ба манофеи Туркия дар минтақа осеб расонида ва онро ба «кишвари душман» барои ҳама табдил мекунад.

Танишҳо дар Ироқ пас аз он шӯълавар шуд, ки дар моҳи декабри соли гузашта Моликӣ талош кард Солеҳ Ал-Мутлақ, муовини суннимазҳаби худро пас аз интиқодҳои ӯ, барканор кунад. Судури ҳукми боздошти Ториқ Ал-Ҳошимӣ, муовини суннимазҳаби раиси ҷумҳури Ироқ ба иттиҳоми раҳбарии «гурӯҳҳои марг», ба ин танишҳо авҷ бахшид.

Суханони Эрдуғон дар бораи Моликӣ, пас аз дидори ӯ бо Масъуд Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ эрод шудааст. Ӯ таъкид кард, ки дар сурати оғози ҷанги тоифавӣ дар Ироқ, Туркия ором нахоҳад нишаст.

Танишҳо миёни давлати марказии Ироқ ва иқлими Курдистон бар сари минтақаи нафтхези Каркук аст. Курдҳо ин минтақаро бахше аз иқлими Курдистон медонанд. Дар ҳафтаҳои ахир танишҳо миёни давлати марказии Ироқ ва иқлими Курдистон афзоиш ёфтааст. Иқлими Курдистон содироти нафти худро ба сабаби пардохт нашудани ҳаққи худ аз даромади нафт, мутаваққиф кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG