Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ихвон ул Муслимин" номзади навро пешбарӣ кард


Дар Миср ҷунбиши исломии “Ихвон ул Муслимин” Муҳаммад Мурсӣ-номзади нави худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ карданд. Мурсӣ 59 сола ст ва раҳбарии ҳизби “Ихвон ул Муслимин”-ро бар ӯҳда дорад. Ин дар ҳолест, ки Ҳайрат аш Шотир-номзади пешини ин ҳизб, тоҷир ва миллионер барои доштани парвандаи ҷиноӣ аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маҳрум карда шуд. Фаъолияти ҳизби вай дар солҳои ҳукумати Ҳуснӣ Муборак мамнӯъ эълон шуда буд ва бар зизди вай парванда боз карда буданд. Қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Миср 23 май баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG