Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми якшанбе, 22-юми апрел, се бозии охирини даври севуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар варзишгоҳи "Фурудгоҳ"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими мизбон - "Парвоз" бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва бо ҳафт имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Дар ин бозӣ ду голи Хуҷандро Анвар Норқулов ва як голро Индус Ҳусейнзода ба самар расонданд. Голҳои мизбононро Хайруллоҳ Ғайбуллоев ва Асадулло Бобоҷонов заданд.

Дастаи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат дар майдони худ бар тими "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад ва бо ҳафт имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои дувум баромад. Ду голи мизбононро Маҳмадлоиқ Нуриддинов ва Обидҷон Исмоилов вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Як голи "Ҳосилот"-ро Ҷумъахон Азизов ба самар расонд.

Дастаи ССКА "Помир"-и Душанбе дар майдони худ аз тими меҳмон - "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрд. Ҳар се голро бозигарони "Вахш" Ҷамолиддин Зардиев, Комрони Мирзохон ва Рустам Усмонов дар нимаи аввали дидор ба ҳадаф расониданд. Ғалабaи дувум мавқеи "Вахш"-ро дар ҷадвали мусобиқот панҷ зина боло кард ва қӯрғонтеппагиҳо бо шаш имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки даври севуми мусобиқа бо бозии "Равшан"-и Кӯлоб ва "Истиқлол"-и Душанбе рӯзи 19-уми апрел шурӯъ шуда буд. Мизбонон - футболбозони шаҳри Кӯлоб ба дарвозаи душанбегиҳо як голи беҷавоб зада буданд. Ин голи ягона ба легионери эронӣ Ҳусейни Моҳрухӣ мутааллиқ аст.

Дар воқеъ, раҳбарони бошгоҳи футболи "Истиқлол" ба Кумитаи назорату интизоми ФФТ шикоят бурдаанд, ки се бозигари "Равшан" - Сафаралӣ Каримов, Эраҷ Холов ва Ҳасан Рустамов барои бозии дағалона ва маҷрӯҳ кардани ҳарифонашон аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои оянда маҳрум карда шаванд. Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату интизоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ин масъала рӯзи 24-уми апрел дар ҷаласаи ин кумита мавриди муҳокима қарор мегирад ва гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.

Ду бозии дигари даври севум рӯзи 21-уми апрел баргузор шуда буд. Дастаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахт ба дарвозаи тими мизбон - “Гвардия”-и Душанбе се голи беҷавоб зад.

Амирбек Саидов дар дақиқаи 27-уми бозӣ ҳисобро боз намуд. Голи дувумро баъд аз ҳашт дақиқаи он Ҷалолиддин Маҷидов ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм, Аъзам Каримов ҳисобро боз ҳам афзун кард.

Бозии дигар миёни дастаҳои "Энергетик"-и Душанбе ва "Истаравшан"-и Истаравшан дар варзишгоҳи "Автомобилист"-и пойтахти кишвар баргузор шуд. Тими "Энергетик" бо ҳисоби 3-2 бар дастаи меҳмон ғолиб омад. Дар ин бозӣ Габриэл Донто, легионери африқоӣ аз Гана, ба дарвозаи футболозони "Истаравшан" ду гол зад.

Дарвоқеъ, Донто бо панҷ гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷои аввал баромад. Як голи дигари мизбононро Вилям Гян, ки ӯ низ легионер аз Гана мебошад, ба самар расонд. Ду голи истаравшаниҳоро Илҳом Баротов ва Абдураҳмон Қурбонов заданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Хуҷанд"

3

2

1

0

9-5

7

2.

«Хайр"

3

2

1

0

7-3

7

3.

“Регар-ТадАЗ”

2

2

0

0

7-1

6

4.

«Вахш”

2

2

0

0

4-0

6

5.

“Равшан”

3

2

0

1

4-3

6

6.

“Энергетик”

3

1

2

0

7-6

5

7.

“Истиқлол”

3

1

1

1

5-3

4

8.

"Зарафшон”

3

1

1

1

5-4

4

9.

ССКА "Помир”

2

1

0

1

3-4

3

10.

"Истаравшан”

3

1

0

2

6-8

3

11.

"Парвоз”

3

0

0

3

3-8

0

12.

"Ҳосилот”

3

0

0

3

3-9

0

13.

"Гвардия”

3

0

0

3

1-10

0


Голзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 5 гол; Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”)- 4 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (Регар-ТадАЗ)-3 гол.

Даври сеюм

19-уми апрел (панҷшанбе)
“Равшан” - “Истиқлол” - 1:0

21-уми апрел (шанбе)
"Гвардия" - "Зарафшон" - 0:3
"Энергетик" - "Истаравшан" - 3:2

22-юми апрел (якшанбе)
"Хайр" - "Ҳосилот"-2:1
ССКА "Помир" - "Вахш"- 0:3
"Парвоз" - "Хуҷанд"-2:3

Даври 4-ум
28-уми апрел (шанбе)
«Ҳосилот» - «Вахш»
«Хайр» - «Равшан»
«Зарафшон» - «Парвоз»

29-уми апрел (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
«Истаравшан» - «Гвардия»
«Истиқлол» - «Энергетик»

Оғози бозиҳо – соати 16:00.

Дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ низ дастаҳои «Хуҷанд» ва «Хайр» бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Натоиҷи бозиҳои даври севуми ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ чунин аст:

«Энергетик» - «Истаравшан» - 3:0
Голҳо: Абдулло Саидов, 21 (1:0). Некрӯз Пирхонов, 85 (2:0). Сорбон Карамов, 90+1 (3:0).

«Хайр» - «Ҳосилот» - 2:0
Голҳо: Муҳаммадҷони Абдуҷаббор, 26 (1:0). Саидакбар Азимзода, 49 (2:0).

«Парвоз» - «Хуҷанд» - 1:3
Голҳо: Далер Аҳмадов, 24 (0:1). Рустам Домуллоҷонов, 68 (0:2). Манучеҳр Саидзода, 88 (0:3). Рашид Мирхолиқов, 90 (1:3).

ССКА «Помир» - «Вахш» - 0:3
Голҳо: Шавкат Худойназаров, 27 (0:1). Лангари Ёдгоров, 44 (0:2). Салим Умуров, 90 (0:3).

«Гвардия» - «Зарафшон» - 3:1
Голҳо: Руҳуллои Маҳмадраҷаб, 30 (1:0). Комрони Комил (1:1). Фаридун Гулмамадов, 60 (2:1). Асрориёни Анӯшервон, 88 (3:1).

«Равшан» - «Истиқлол» - 2:0
Голҳо: Парвиз Ваҳоббов, 17 (1:0). Комрони Саидзод, 65 (2:0).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG