Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, марҳилаи аввали барномаи умумимиллии кирмрезонӣ 70 дарсади аҳолии аз 1 то 49-солаи кишварро фаро гирифтааст.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Аъзам Мирзоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маърака 16-уми апрел оғоз шуд ва то ду рӯзи дигар анҷом хоҳад ёфт. Ба қавли ӯ, "ин барнома кӯдакон ва занони қобили таваллуд, ба истиснои занони ҳомиларо дар бар мегирад. Як марҳилаи дигарашро дар моҳи сентябр анҷом хоҳем дод."

Бино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, барномаи умумимиллии дегелминтизатсия ё кирмрезонӣ дар марҳилаи аввал 2 миллиону 600 ҳазор кӯдак ва ҳудуди 2 миллион занро дар бар мегирад ва дар давраи дувум, ки аз 17 то 28-ум сентябр идома хоҳад кард, ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор хонандаи аз як то ёздаҳумхони Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт.

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон

Аъзам Мирзоев мегӯяд, заминаи ин барнома соли гузашта пас аз як таҳқиқоти саросарии вазорат дар Тоҷикистон фароҳам шуд, ки бар пояи он, дар ҳудуди 65 дарсади муоинашудагон кирмҳои дарунӣ кашф шуда ва қисмати зиёдро кӯдакону занон ташкил медоданд. Дар ҳамин ҳол, амалӣ кардани ин барнома як қатор нигарониҳоро ҳам миёни волидайн ба вуҷуд овардааст. Бархе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз истифодаи дору фарзандашон гирифтори маризӣ шудааст.

Як сокини Душанбе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, духтари мактабхонаш пас аз истеъмоли дору хуни бинӣ шуд ва ду ҳамсинфи дигари ӯ ҳам ба маризиҳои дигар печидаанд. Вай афзуд, вақте ба духтараш 1 литр "чолоб" доданд, ба худ омадааст. Шаҳло Бузургова, сокини дигари шаҳри Душанбе ҳам мегӯяд, як писари боғчараву ду духтари мактабраваш доруи зидди кирмро хӯрда, чанде нотоб шуда, пас ба худ омадаанд. Вай афзуд, нигаронии ӯ аз шеваи бархӯрди духтурон ва мураббиён аст, ки ба бачаи боғчараваш ҳаб (таблетка)-ро дар як коғази хоколуд дода, ӯро ба хона фиристодаанд: "Табиист, ки дар дасти бача таблетка ҳам чиркин мешавад. Гуфтам, бачам, инро ба ту кӣ дод, гуфт, холаам дод, ки бихӯр. Боз пурсидам, кай, баъд аз чӣ ва барои чӣ бояд бихӯрӣ? Гуфт, ки намедонам. Ба холааш, яъне мураббӣ занг зада пурсидам, ки ту чӣ ба дасти бачаи ман додӣ. Гуфт, ки доруи кирм."



Иддае дигар аз модарон, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, мегӯянд, умуман аз истеъмоли ин дору даст кашидаанд. Гавҳар Каримова, сокини ноҳияи Ваҳдат, мегӯяд, як писар дорад ва саломатии ӯро эҳтиёт мекунад: "Як ҳамшира оварда доду гуфт, ки аз 1-сола то 49-сола бояд ин доруро хӯранд. Аммо гуфтанд, ин нишонаҳои шикамдардиро дораду Шумо натарсед. Лекин ман метарсам, зеро назорати духтур нест ва ҳамон таблеткаро ҳам, ки доданд ягон инструксия (дастуруламал) надорад."

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ҳам мавҷудияти мавридҳои шикояти мардум аз ин маъракаро таъйид карда гуфт, як маъракаи фаҳмондадиҳӣ низ роҳандозӣ шуд, ки доруи "албендазол", ки ҳоло истифода мешавад, сардардӣ, ташнагӣ, афсурдаҳолӣ, заъф, ларза ва дилбеҳузуриро ба вуҷуд меорад, аммо ин ҳама муваққатӣ ва гузаранда аст. Дар ҳамин ҳол, мутахассисон албендазолро доруи беҳтарин барои рафъи тамоми намуди кирмҳо аз бадани инсон унвон мекунанд, аммо бар риояи шартҳои истифодаи он низ таъкид мекунанд.

Ёраҳмад Холов, сарвари факултаи дорусозии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, дору баробари берун овардан аз коғаз бояд истифода шавад ва дигарбора ба коғаз печонидани он умуман маслиҳат нест. Вай афзуд, тибқи қоида истифодаи дору барои кӯдакон ҳатман бояд дар ҳузури духтур сурат гирад.

Барномаи умумимиллии дегелминтизатсия ё кирмрезониро вазорати тандурустии Тоҷикистон бори аввал аст, ки бо кӯмаки сафорати Амрико ва Бунёди Ростропович-Вишневскаяи Русия роҳандозӣ мекунад. Коршиносон мегӯянд, дар замони Шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлол ин навъи хатар ба саломатии сокинони кишвар камтар ба назар мерасид. Ба қавли онҳо, кирмҳо дар тани сокинони Тоҷикистон асосан аз истифодаи зиёди меваву сабзавоти ношуста аз сӯи кӯдакон ва волидайн пайдо мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG