Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи резондани кирми меъда дар Тоҷикистон


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, барномаи умумимиллии кирмрезонӣ 70 дарсади аҳолии аз 1 то 49—солаи ин кишварро дар марҳалаи аввал фаро мегирад. Аъзам Мирзоев-муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маърака 16 апрел оғоз шудааст ва рӯзи душанбе анҷом хоҳад ёфт. Вай афзуд:

«Ин барнома кӯдакон ва занони қобили таваллуд ба истиснои занони ҳомиларо дарбар мегирад. Як марҳалаи дигарашро дар моҳи сентябр анҷом хоҳем дод. Ҳоло як дору истифода шуд, дафъаи дигар доруи дигар истифода мешавад».

Бино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, барномаи умумимиллии дегелминтизатсия ё кирмрезонӣ дар марҳалаи аввал 2 миллиону 600 ҳазор кӯдак ва ҳудуди 2 миллион занро дарбар хоҳад гирифт ва дар давраи дуввум, ки аз 17 то 28 сенбябр идома хоҳад ёфт, ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор мактабиён аз синфҳои ибтидоӣ то хамкунандагони мактабҳои Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG