Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров барои баҳси равобити Тоҷикистону Русия меояд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия. Моҳи июли соли 2008-ум, Тоҷикистон.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия. Моҳи июли соли 2008-ум, Тоҷикистон.

Сергей Лавров дар ҳоле ба Душанбе меояд, ки Тоҷикистон аз шарики стратегияш хост, ба манофеаш эҳтиром гузорад.

Бино ба хабари расонаҳои русӣ Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи душанбеи 23-юми апрел бо як сафари корӣ ба Душанбе хоҳад омад.

Хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз масъулони вазорати хориҷаи Русия навиштааст, ҷаноби Лавров дар ин сафари худ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷаи кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот анҷом медиҳад.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст, баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар арсаи сиёсату иқтисод дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт. Вазорати умури хориҷии Русия ҳамкориҳои Душанбеву Маскавро “дар сатҳи баланд” арзёбӣ карда ва гуфтааст, нишондодҳои гардиши молу коло миёни ду давлат дар соли 2011-ум 810,4 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин ҳисоб 720,4 миллионаш аз ҳисоби содироти моли Русия ба Тоҷикистон аст.

Аз ин пештар, "Интерфакс" хабар дода буд, ки Лавров дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия ва истифода аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" дар ҳошияи шаҳри Душанберо баррасӣ хоҳад кард. Музокирот сари пойгоҳи 201-ум, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон ду сол ба ин сӯ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон идома дорад. То ба ҳол аз ҷузъиёти ин музокирот иттилои комил ба даст нарасидааст, ба ҷуз ин ки бино ба манобеи ғайрирасмӣ, Тоҷикистон мехоҳад аз будубоши он 300 миллион доллар иҷорапулӣ гирад.

Ин нахустин сафари як мақоми баландпояи ҳукумати Русия ба Тоҷикистон баъд аз ҷанҷолҳои дипломатии миёни ду давлат бар сари халабонҳои ширкати русии "Ролкан" дар тирамоҳи соли гузашта мебошад. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе хитоб ба фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури ИДМ, Константин Косачев, гуфт, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия низ ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистон арҷ гузорад.

Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки муносибатҳои миёни Русияву Тоҷикистон ба таври воқеъбинона баррасӣ шаванд. Ба қавли ӯ Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили бузургтарин пойгоҳи низомии русии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо. Аммо бархилофи ин воқеият, афзуд вай, расонаҳои ҳамагонии Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд.

Ҳамчунин интизор меравад, рӯзи 26-уми апрел дар Душанбе конфронси байнулмиллалӣ роҷеъ ба 20-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Русия баргузор шавад. Ин конфронсро сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе созмон медиҳад. Дар ин конфронс масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб дар марҳилаи кунунӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG