Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати давлатии зиндонҳои Украина мегӯяд, Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар барои дарди сутунмӯҳра дар бемористони ширкати “Роҳи оҳан”-и Украина дар шаҳри Харков муолиҷа мегирад. Ин раёсат дар эъломияе гуфтааст, хонум Тимошенко шоми рӯзи ҷумъа ба ин бемористон омадааст. Дар эъломия гуфта мешавад, “баъд аз муоинаи пизишкони олмонӣ Тимошенко изҳори омодагӣ кардааст, ки дар бемористони пешниҳодкардаи пизишкони олмонӣ, яъне дар шаҳри Харков муолиҷа мегирад. Дар бораи ин изҳорот вакили мудофеи Тимошенко изҳори ақида накардааст. Вазорати беҳдошти Украина рӯзи панҷшанбе гуфт, ки пизишкони олмонӣ ба ин вазорат шикояте надоштаанд.
XS
SM
MD
LG