Пайвандҳои дастрасӣ

4 мусофир қурбони ҳодисаи нақлиётӣ дар Варзоб


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи як ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 4 нафар ба қатл расидаанд. Автомашини «ВАЗ-21099» аз роҳ хориҷ ва ба рӯдхонаи Варзоб афтодааст. Чаҳор мусофир Марҷона Давлатова, Азиза Расуловна Мӯминова, Шаҳбону Раҷабовна Мӯминова ва Мижгона Наимовна Мӯминова ғарқ шудаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади онҳо дар рӯдхона идома дорад. Ронанда Раҳмонов Фахриддин Сайдуллоевич ва мусофири паҳлӯи вай Мӯминов Наим Давлатович ба бемористон интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG