Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дар Русия


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз шаҳрвандони худ хостааст, ки аз сафар ба Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ худдорӣ кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон маъмулан баъд аз хатми мӯҳлати иқомати муваққатё ё 90 рӯзаи худ дар Русия барои дубора дарёфт кардани ҳақи иқомат ба қаламрави ин ду кишвар ворид ва хориҷ мешаванд. Сафорат гуфтааст, вақтҳои ахир вуруд ва харуҷ аз ин ду ҷумҳурӣ мушкилот пеш овардааст ва шаҳрвандон бояд барои дарёфти ҳақи иқомат қаламрави кишварҳои дигари ҳамсояи Русияро истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG