Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамринҳо роҷеъ ба равандҳои ҷаҳонии қочоқи маводи мухаддир


Дар Душанбе давраҳои омӯзишии панҷрӯзаи такмили ихтисос барои кормандони Ожоси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкаткунандагон роҷеъ ба “Равандҳои ҷаҳонии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир” омӯзиш диданд. Ин давраҳои омӯзиширо раёсати мубориза бо маводи мухаддири саафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон ва Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон созмон доданд. Ширкаткунандагон роҷеъ ба равандҳои ҷаҳонии гардиши маводи мухаддир, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ва ҳамчунин роҷеъ ба тарзи расидагӣ ба парвандаҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир тамрин дидаанд.
XS
SM
MD
LG