Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ имрӯз барои нозирони отшабас рай медиҳад


Интизор меравад, ки рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти СММ барои истиқрори тақрибан 300 нафар нозирон дар Сурия рай диҳад. Ин нозирон бар ҷараёни оташбасе назорат мекунанд, ки дар он Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб миёнҷигарӣ мекунад. Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ рӯзи ҷумъа гуфт, “мо мехоҳем онро пагоҳ ба тасвиб расонем”. Русия ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пешниҳодҳои мухолифонро, ки дар ҷараёни музокирот матраҳ шуд, қабул карданд. Ҳоло чанд нафар аз нозирони оташбаси СММ дар Сурия қарор доранд. Ҳамзамон фаъолони мухолифон гуфтанд, ки баъд аз намози рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар саросари ин кишвар ба кӯчаву хиёбонҳо баромадаанд.
XS
SM
MD
LG