Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мегӯяд, ҳамаи 127 мусофир кушта шудаанд


Шифохонаи Покистон ва мақомоти расмии ин кишвар гуфтаанд, ки аз суқути ҳавопаймои Боинг 737-и ширкати ҳавоии Bhoja Airlines дар наздикии шаҳри Исломобод касе ҷони солим ба дар набурдааст. Ҷунайд Хон-як мақоми ҳавопаймоӣ гуфтааст, “ҳамаи 127 нафар сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд. Касе зинда намондааст. Имкони зинда мондани касе аз мусофирон ҳам дар ин ҳодиса вуҷуд надоштааст”. Раҳмон Малик-вазири корҳои дохилаи Покистон гуфт, Форуқ Бҳоҷа-молики ширкати Bhoja Airlines-ро ба феҳристи номҳое ворид кардаанд, ки иҷозаи берун рафтан аз Покистонро надоранд. Ин ҳавопаймо аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва дар ҳавои бад дар наздикии фурудгоҳи байналмиллалии ба номи Беназир Бҳутто ба фоҷеа дучор шуд. Бозрасон талош доранд сабабҳои суқуқти ҳавопайморо дақиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG