Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати сарбозони амрикоӣ дар суқути чархбол дар Ҳилманд


Як мақомоти давлати Афғонистон гуфт, ки чаҳор сарбози амрикоӣ ҳангоми суқути чархбол дар Ҳилманд, ҷанубуғарби ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ки чархбол бар асари борони шадид дар роҳи бозгашт барои гирифтани афсарони полиси дар як таркиши интиҳории вулусволии гармсер ҷароҳатдида суқут кардааст. Мақомоти низомии амрикоӣ ҳанӯз ин хабарро таъйид накардаанд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо бахши афғонии радоии озодӣ намояндаи АЙСАФ гуфт, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Мақомоти низомии амрикоӣ чанде пеш гуфтанд, ки эҳтимолан чархбол ҳадафи тири душман қарор гирифта бошад, вале айни замон, аз рӯи нишонаҳои пешакӣ гуфта мешавад, ки номусоидии ҳаво сабаби суқути чархбол шудааст.
XS
SM
MD
LG