Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Лавров ба Тоҷикистон сафар мекунад


Рӯзҳои 23 ва 24 апрел ба Душанбе вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров сафар ва бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот мекунад. ИНТЕРФАКС аз қавли вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар арсаи сиёсиву иқтисодӣ дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор мегирад. Вазорати хориҷаи Русия ҳамкориҳои Душанбеву Маскавро “дар сатҳи баланд” арзёбӣ карда гуфатааст,ки нишондодҳои гардиши молу коло миёни ду давлат соли 2011 810,4 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин ҳисоб, 720,4 миллионаш аз ҳисоби содироти моли Русия ба Тоҷикистон аст. Ин нахустин сафари як мақоми баландпояи ҳукумати Русия ба Тоҷикистон баъди ҷанҷолҳои дипломатии миёни ду давлат бар сари халабонҳои ширкати Ролкан дар тирамоҳи порсол мебошад.
XS
SM
MD
LG