Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустӣ Тоҷикистон мегӯяд, мизони фарбеҳшавии занон дар соли 2012 рӯ ба афзоиш буда, ба ҳашт дар сад баробар шудааст.

Ба таъкиди ин вазорат, агар барномаҳои вижа алайҳи ин раванд гирифта нашавад, гирифторӣ ба ин беморӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Ба қавли Ҳотамбек Хайров, сардори раёсати ғизои солими вазорати тандурустии Тоҷикистон, қишри занони ҷомеаи Тоҷикистон аз омилҳои фарбеҳшавӣ кам огаҳӣ доранд. Аз ин рӯ бояд аз тариқи радио ва телевизион барномаҳои фаҳмондадиҳӣ пахш шаванд.

Ба назари ҷаноби Хайров, занони Тоҷикистон аслан ба масъалаи лоғар шудан таваҷҷӯҳ надоранд. Ӯ мегӯяд, занҳо аслан индекси байналмилаии ташхиси фарбеҳиро ба эътибор намегиранд: «Мувофиқ ба индекси ташхиси фарбеҳӣ, агар қадду вазн ба индекси 18-25 мувофиқат кунад, ин ҳадди нормалӣ аст, агар аз 25 то 29 бошад ин вазнинӣ, вале аз 30 боло фарбеҳӣ дониста мешавад, ки аллакай инсон дучори бемории фарбеҳӣ шудааст.»

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, бекорӣ ва набуди шуғли доимӣ, барҷонишастагӣ дар хонаҳо, асоси рӯ ба фарбеҳӣ овардани занҳои тоҷик будааст. Як сабаби дигари чоқшавӣ, асабонияти аз ҳад беш унвон шудааст, ки бештар занҳои серфарзандро фаро гирифтааст.

Агар чоқии занҳо танҳо мӯҳтавои эстетикӣ медошт, шояд табибон вазни барзиёдро ҷиддӣ намегирифтанд. Аммо ба қавли табибон, фарбеҳӣ дари чандин бемории дигарро боз мекунад.

Холаи Гулҷамол аз ноҳияи Шаҳритус ҳоло дар беморхонаи Қарияи болои Душанбе бистарӣ аст. Вай қисса мекунад, ки тақрибан 100 кило вазн дошт, вале ин ҳама гӯшту рӯған дар як муддати кӯтоҳ гум шуданд. Баъдан ӯ фаҳмид, ки гирифтории маризии қанд шудааст: «92 кило вазн доштам, яку якбора вазнама гум кардам, худам ҳам ҳайрон шудам. Дар беморхонаи ноҳия табобат гирифтам, боз ба инҷо фиристоданд. Бинед (дастони пусту устухонашро нишон дода) чӣ қадар вазн партофтам.»

Холаи Гулҷамол, ки 8 фарзанд дораду хонанишин аст, кулчақанду тортҳои гуногуну анвои хӯрдании бомаззаро пазмон шудааст, аммо дигар илоҷ надорад. Зеро духтурҳо гуфтаанд, ки ҳар луқмаи ширин, саҳифаи талхеро дар дафтари маризии ӯ афзун хоҳад кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2012 мизони чоқшавии занон дар кишвар ба 8 дар сад баробар буд, ки ин нисбат ба солҳои пеш бештар будааст. Ин вазорат мегӯяд, ки 90 дарсади занони Тоҷикистон аслан хонанишин буда, зиндагии якранг доранд ва кам ҳаракат мекунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳарчанд мардҳо низ аз гирифторӣ ба фарбеҳӣ ва баландшавии қанд дар бадан орӣ нестанд, вале теъдоди онҳо дар муқоиса ба занон ба маротиб кам аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG