Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи низомии амрикоӣ дар Афғонистон


Як чархболи амрикоӣ бо чор сарбозаш дар минтақаи ҷанубуғарбии Афғонистон суқут кард. Мақомоти низомии амрикоӣ гуфтанд, ки ҳамаи сарбозон амрикоӣ буда, бовар меравад, ки ҳамаашон даргузаштанд, вале ҳанӯз тасдиқи ниҳоии ин хабар дар даст нест. Мақомоти низомии амрикоӣ ин фарзияро рад накарданд, ки шояд ҳам чархбол ҳадафи тири душман қарор гирифта бошад, вале айни замон, аз рӯи нишонаҳои пешакӣ гуфта мешавад, ки номусоидии ҳаво сабаби суқути чархбол шудааст.
XS
SM
MD
LG