Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт


Tajikistan -- Day of national maraphone, 07Aug2009

Tajikistan -- Day of national maraphone, 07Aug2009

21-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин ниммарафон, ки барои бори севум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе доир мешавад, варзишгарони хориҷӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, инчунин, давандагон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат хоҳанд кард.

Ниммарафон масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад. Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ.
XS
SM
MD
LG