Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти қочоқчиёни маводи мухаддир дар Душанбе


Додгоҳи шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили қочоқбари маводи мухаддирро ба мӯҳлатҳои гуногун равона зиндон кард. Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бародарон Абдуғафор, Маҳмадҳалим ва Абдусатор Давлатовҳо, зодагони деҳаи Саричашмаи шаҳри Кӯлобро 12 - солӣ ва Ҷумъахон Ҳамидуллоев, сокини ноҳияи Ҳамадониро 14 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе барои нигаҳдорӣ, интиқол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам кард. Моҳи майи соли 2011 Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ аз дохили борхалтаи Ҷумъахон Ҳамидуллоев ба миқдори 4 кг 408 грамм афюн ва аз бародарон Давлатовҳо 13 бастаи селофании ҳомили бангдона ба миқдори 3 кг 870 грамм, «афюн» дар ҳаҷми 3 кг 950 грамм ва ҳашиш 5 кг 310 грамм дарёфт ва мусодира кардааст.
XS
SM
MD
LG