Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 27-29-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи таэквондо ITF баргузор мешавад ва барои бори аввал зӯртарин таэквондочиёни қора ба Тоҷикистон меоянд.

Макони сабқати қаҳрамонии қитъавӣ интихоб шудани пойтахти Тоҷикистон эътирофи дастовардҳои бузурги варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву байналмилалист.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквондо ITF-и Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, “ин намуди варзиш дар кишвари мо баъди таъсиси Федеросиюни миллӣ аз соли 1992 роҳандозӣ шудааст. Дар тӯли 20 соли фаъолияти федеросиюн, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ба дастовардҳои бузург мушарраф шудаанд. Дар ин муддат 30 нафар (12 варзишгари калонсол ва 18 варзишгари наврасу ҷавон) ба унвони баланди қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд. Инчунин варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё борҳо соҳиби ҷоизаҳои олӣ гардидаанд. Ҳар сол ду таэквондочии мо ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил мешавад. Масалан, аз рӯи натиҷагирии мавсими соли гузашта Сабина Тағойназарова, қаҳрамони ҷаҳон, беҳтарин варзишгар Мирсаид Яҳёев

Мирсаид Яҳёев

миёни занон эътироф шуд. Воқеъан, Сабина баъди камонвар Зебуннисо Рустамова ва таэквондочӣ Шаҳло Муҳаммадраҳимова миёни бонувони тоҷик севумин варзишгарест, ки соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гаштааст. Инчунин қаҳрамонҳои бисёркаратаи ҷаҳон Шаҳоб Баҳромов, бародарон Далер ва Дилшод Сайфиддиновҳо, Далер Тӯраев борҳо ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил гаштаанд.”

Ҷаноби Яҳёев афзуд, “ҳоло варзишгарони мо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар Душанбе барпо мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар ин мусобиқа ширкати дастаҳои мунтахаб аз 20 кишвари қора дар назар аст. Рақибони аслии мо дар ин мусобиқа ба мисли сабқати ҷаҳонӣ дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Русия мебошанд.”

Сӯҳбати муфассали Мирсаид Яҳёев бо хабарнигори "Озодӣ" пешкаши шумо мешавад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG