Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амаду Тумани Туре дар Сенегал панаҳ бурд


Амаду Тумани Туре
Амаду Тумани Туре
Раисиҷумҳури сарнагуншудаи Малӣ Амаду Тумани Туре кишварро тарк намуд ва вориди Сенегали ҳамсоя шуд. Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, низомиёни бар асари кудато сари қудрат омада ба хуруҷи раисиҷумҳури пешин ва аҳли хонаводаи ӯ иҷоза доданд.

Ҳамчунин ахиран беш аз 20 тан ҷонибдорони Туре, ки рӯзҳои ахир боздошт шуда буданд, маҳбасро тарк намуданд.

Дар Малӣ раисиҷумҳури муваққат ба ифои вазифа шурӯъ кардааст, ки қарор аст дар кишвар интихоботи озод баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG