Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон хостори таҳримҳои нав алайҳи Сурия шуд


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Дирӯз дар нишасти гурӯҳи дӯстони Сурия дар Порис вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон хостори қабули қатъномаи нави СММ оид ба Сурия шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар санади нав бояд таҳримҳо алайҳи Димишқ тақвият дода шаванд ва дар сурати ноком шудани тарҳи Кофӣ Аннон ба фурӯши силоҳ ба Сурия эмбарго гузошта шавад.

Ҳайатҳои 14 кишвари ғарбӣ ва арабии “дӯсти Сурия” тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннонро “умеди охирин барои ҳалли бӯҳрони Сурия” арзёбӣ карданд.

Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Шӯрои амният хост, ки ҳарчӣ зудтар то 300 нафар афзоиш ёфтани теъдоди нозирони байнулмилалӣ дар Сурияро бипазирад. Ҳукумати Сурия эълом дошт, ки теъдоди нозирон дар кишвар набояд бештар аз 250 нафар бошад.Зимни суханронӣ дар Ню-Йорк, Бан Ки Мун аз ҳукумати Димишқ даъват кард, ки озодии комили рафтуои нозирон ва шароит барои интиқоли ёрии башариро таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG