Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Кристин Лагард, раиси Сандуқи байнулмилали пул, изҳор намуд, ки иқтисоди ҷаҳон, бо вуҷуди мушкилоти эҳтимолӣ дар оянда, батадриҷ аз бӯҳрон берун мешавад.

Ҳамзамон дар суханронӣ дар нишасти солонаи муштараки Сандуқи байнулмилали пул ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон хонум Лагард раванди бурунрафт аз бӯҳронро “заъиф” унвон кард.

Дар гузориши ахири Сандуқи байнулмилали пул рушди ночизи иқтисоди ҷаҳонӣ пешгӯӣ шудааст. Кристин Лагард гуфт, ки минтақаи евро ҳамоно дар рӯба рӯи таҳдидҳои ҷиддӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG