Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳошимӣ ва Барзанӣ дар Истамбул мулоқот карданд


Тариқ Ҳошимӣ

Тариқ Ҳошимӣ

Дар шаҳри Истамбули Туркия муовини раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ ва Масъуд Барзанӣ, раҳбари вилояти Курдистон, воқеъ дар шимоли Ироқ, дидору гуфтугӯ карданд. Барзанӣ бо як сафари расмӣ вориди Туркия шудааст. Тариқ Ҳошимӣ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки музокирот бо Барзанӣ муваффақ буд, аммо тафсилоти дигаре дар ин бора зери даст нест.

Барзанӣ дар мавриди он ки Ироқ зери раҳбарии нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ сӯи диктатураи нав меравад, бо Тариқ Ҳошимӣ ҳамфикр аст.

Тариқ Ҳошимӣ, яке аз раҳбарони сунниҳои кишвар, аз сӯи ҳукумати Ироқ, ки дар он мақомҳои калидиро шиаҳо ишғол кардаанд, дар терроризм айбдор мешавад ва мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. Аммо Ҳошимӣ иттиҳомро қатъӣ рад мекунад ва онро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад.
XS
SM
MD
LG