Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Крокер: Ҳамлаҳо дар Покистон тарҳрезӣ шудаанд


Райан Крокер, сафири ИМА дар Афғонистон, изҳор намуд, ки шабакаи Ҳаққонӣ ҳамлаҳои ахир ба Кобул ва шаҳрҳои бузурги Афғонистонро дар Покистон тарҳрезӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, "Шабакаи Ҳаққонӣ масъули ин ҳамлаҳост ва мо медонем, ки ин ҳамлаҳои террористӣ на дар Афғонистон, балки дар шаҳри Мироншоҳи Покистон, маркази Вазиристони шимолӣ тарҳрезӣ шудаанд".

Ҳадс зада мешавад, ки шабакаи Ҳаққонӣ тақрибан 4 ҳазор фарди мусаллаҳ дорад ва яке аз се гурӯҳи ҳампаймони “Толибон” аст, ки дар Афғонистон амал мекунад.

Аз ин пеш масъулияти ҳамла ба Кобул ва се шаҳри дигари Афғонистонро толибон бар ӯҳда гирифта буданд. Дар ҳамлаҳои рӯзи якшанбе 36 тан аз ҳамлагарон, ҳашт низомии афғон ва се сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG