Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойфишории Бан Ки Мун барои афзоиши нозирон дар Сурия


Аввалин нозирони СММ дар Сурия
Аввалин нозирони СММ дар Сурия
Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз Шӯрои амният хост, ки ҳарчӣ зудтар то 300 нафар афзоиш ёфтани теъдоди нозирони байнулмилалӣ дар Сурияро бипазирад. Ҳукумати Сурия эълом дошт, ки теъдоди нозирон дар кишвар набояд бештар аз 250 нафар бошад.

Зимни суханронӣ дар Ню-Йорк, Бан Ки Мун ҳамчунин аз Димишқ даъват кард, ки озодии комили рафтуои нозирон ва шароит барои интиқоли ёрии башариро таъмин намояд.

Сюзан Райс, намояндаи ИМА дар СММ, муваффақ шудани тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб дар Сурия Кофӣ Аннонро зери суол бурд. Ба гуфтаи хонум Райс, “мо барои пешакӣ ҳарф задан дар мавриди он ки ин тарҳ то куҷо муваффақ хоҳад буд омода нестем. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ тарҳро барои он пазируфт, ки он барои мо беҳтарин ва шояд охирин имкони ҳалли низоъ аз роҳи дипломатӣ ва на аз роҳи низомӣ менамуд. Маълум аст, ки мо ба комёб шудани ин тарҳ мутмаин нестем".
XS
SM
MD
LG