Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон дабири як маҷалла кушта шуд


Дар шаҳри Қарочии Покистон Муртазо Ризвӣ, сардабири як маҷаллаи гурӯҳи нашаротии Dawn, кушта шуд. Ҷасади ӯро дар як манзили минтақаи бонуфузи шаҳр ошкор карданд.

Ба иттилои рӯзномаи Dawn, дасту пойи Ризвӣ баста ва дар бадани ӯ осори шиканҷа намудор буд. Ҳанӯз маълум нест, ки куштор бо фаъолияти хабарнигории Ризвӣ марбут аст ё хайр.

Покистон яке аз кишварҳои барои фаъолияти хабарнигорӣ хатарбори олам маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG