Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷирони афғон: "Убури марзи Тоҷикистон осон нест"


Гузаргоҳи марзӣ

Гузаргоҳи марзӣ

Ба қавли соҳибкорони тоҷику афғон чанд масъалаи марбут ба гумруку андоз ва консулӣ вуҷуд дорад, ки дар роҳи саривақт интиқол додани молу коло ва равуои тоҷирон мушкил эҷод мекунад.

Тоҷирони Афғонистон аз гумрукчиёни тоҷик шикоят карда мегӯянд, ҳатто дар сурати дуруст будани аснод гоҳо аз онҳо пул талаб мекунанд ва бо шунидани ҷавоби рад корро ба ақиб меандозанд.

Ҳоҷӣ Абдуҷалил, яке аз соҳибкорони афғон ва раиси ширкати "Ҷаҳондӯстӣ", як лаҳзаи убур аз марзи Тоҷикистонро чунин нақл кард: "Вақте аз гумрук мегузаштам, виза ва дигар ҳама санадҳоро пешниҳод кардам. Намояндаи он дид, ки ҳамаи санадҳои мо дуруст аст, ишора карду гуфт, ки "биҷунб". Ман медонистам, ки "биҷунб" чӣ маъно дорад."

Мувоини раиси Атташеи тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, Залмай Рашидзода, бо ишора аз мушкилоти равуо дар миёни ду кишвар меафзояд, ҳанӯз масъалаи убури транзит аз қаламрави Тоҷикистон ҳалли худро наёфтааст: "Замоне як соҳибкори тоҷик тариқи транзит мехоҳад, ки аз Афғонистон убур кунад, ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Аммо вақте мо мехоҳем аз қаламрави Тоҷикистон ҳаракат кунем, иҷоза надорем. Баъд андоз (молиёт) аз тарафи Тоҷикистон хеле болост."



Атташеи тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тақрибан як сол қабл барои ҳалли масоили мавҷуд ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон нома фиристода ва ҳалли ин масолиро хоста буд. Вале ба қавли раиси он Амирҳамза Саҳроӣ ҳанӯз ҳеҷ посухе дарёфт накардаанд ва мушкилот ҳамчунон побарҷост.

Намояндаи Палатаи савдои Тоҷикистон Ҳасаналӣ Акрамалиев вуҷуди ин мушкилотро эътироф кард, аммо дар айни ҳол афзуд, "масъалаҳо ва он душвориҳое, ки дар инҷо гуфтаанд, дар ҳақиқат ҷой доранд. Ин мушкилҳо ҳангоми убур аз хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух медиҳанд. Мо маҷбур мешавем, ҳангоми убур кардани меҳмонон аз сарҳад намояндаи худамонро ба марз фиристем, ки ёрӣ кунад. Мутаасифона, ин масъалаҳо вуҷуд доранд."

Тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 19-уми апрел дар як нишаст дар Душанбе баён доштанд, ки шароити беҳтару муносиб ҳангоми убуру мурур дар гузаргоҳҳо метавонад барномаҳои онҳоро дар амри коҳиш додани мизони фақр дар манотиқи марзии ҳарду кишвар муассиртар кунад. Онҳо дар ҳоле барои коҳиш додани мизони фақр дар манотиқи ду соҳили дарёи Панҷ иқдом мекунанд, ки сатҳи баланди бекорӣ ва мизони камтарини сармоягузорӣ дар ин манотиқ ба мушоҳида мерасад. Бозорҳое, ки то кунун дар марзи байни ду кишвар бунёд шудаанд, ба истиснои бозори Бадахшон, ба таври пароканда фаъолият мекунанд ва ниёзҳои мардумро барои доштани як кори доимӣ бароварда намесозанд.

Амирҳамза Саҳроӣ, сардори Атташеи тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, барои мардум шуғлҳои мухталиф эҷод карда шавад, то тавонанад зиндагии худро пеш баранд.

Бо ин ҳол, ба иттилои Атташеи тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон панҷ сол қабл аз тариқи чанд пуле, ки миёни ду кишвар вуҷуд дошт, ҳамагӣ ҳудуди 200 мошини борбар аз Афғонистон ба Тоҷикистон молу коло меовард. Аммо баъд аз баҳрабардорӣ аз пули байнулмилалии Панҷи Поён дар соли 2007-ум солона то 1000 мошини борбар ба ҳарду самти марз молу коло бурдаанд.

Тоҷирони тоҷик ба Афғонистон умдатан меваҳои хушку тоза, орд, гандуму лубиё мебаранд ва аз он тараф низ маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва мошниҳои сохти Ҷопону Корея ворид мекунанд.
XS
SM
MD
LG