Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар ҳамлаи Толибон дар Покистон


Дар ҳамлаи Толибон ба манзили як пешвои зиддитолиб дар шимолуғарби Покистон ба камияш 9 нафар кушта шуданд. Рустоиён мегӯянд, шумораи бузурге аз толибҳо ба хонаи Малик Каримхон дар Вазиристони Шмиолӣ ҳамла оварданд. Вай шахсест, ки қабилаи Меомӣ Кобулхейлро ба муқовимат бо Толибон сафарбар кардааст. Толибон писари ӯро рабуда, ду хешовандашро ба қатл расондаанд. Онҳо Каримхонро дар қатли узви гурӯҳи худ Қадир Ҳаққонӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG