Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба муносиботи Тоҷикистону Русия дар меҳвари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

"СССР"

Ҳарфҳои ахири президент Раҳмонро садои дили ҳафт миллион тоҷик унвон номидааст. Ба навиштаи нашрия, "воқеан ҳам шарикии Русияро замони ахир кӣ эҳсос кардааст?" Нашрия хитоб мекунад, "пас, куҷост, фишорҳои шарики стратегии мо алайҳи Узбакистони худкома? Чаро Кремл боре ба Тошканд на гуфту на мегӯяд, ки дар асри 21 ба сари ҳамсояат, ки шарики ман аст, чунин фишор овардан аз рӯи савоб нест?!"

"НИГОҲ"

Дар ин замина дар матлаби "Қаҳри сиёсӣ"-и Раҳмон аз Маскав" навиштааст, "касе пешгӯӣ намекард, ки косаи сабри президент Эмомалӣ Раҳмон то ин ҳад лабрез мешавад. Ӯ ҳатто аз русҳо талаб кард, ки агар шарики стратегӣ ҳастанд, бояд дар рӯзҳои вазнин (шояд фишорҳои Узбакистон дар назар аст) дар бари Тоҷикистон бошанд." Ба таъкиди нашрия "яқинан, ин имкон (посухи Русия)-ро худи президенти Тоҷикистон фароҳам овард, аммо русҳо то куҷо бархӯди дуруст мекунанд, суоли рӯз боқӣ мемонад."

"ОЗОДАГОН"

Ба нақл аз коршиносон ихтилофи миёни Тоҷикистону Узбакистонро ба интиқоли таҷҳизоти НАТО марбут донистааст. Нашрия андешаи Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ-ро овардааст, ки мегӯяд, "интиқоли таҷҳизоти НАТО тариқи қаламрави Тоҷикистон муносибати байни кишварҳоро боз ҳам шиддати манфӣ мебахшад. Ба ин далел вуруди ин таҷҳизот ба Тоҷикистонро нозарар мешуморем. НАТО набояд ҳатто як туфанги худро ба кишвари мо ворид кунад." Зеро ба таъкиди Шабдолов "имкон дорад, кадом бесарусомониҳое сурат бигирад. Ба мо дигар ҷангу ҷидол лозим нест."

"НАҶОТ"

Ба баррасии паёми навбатии раисиҷумҳур, ки қарор аст, рӯзи ҷумъаи 20-уми апрел дар порлумони Тоҷикистон ироа шавад, пардохта ва суоли "Президент дар паёми худ чӣ ишораҳое хоҳад кард?"-ро матраҳ намудааст. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ "берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энержиро аз мавзӯъҳое унвон карда, ки президент ба он тамаркуз хоҳад кард. Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократ бар ин назар аст, ки "вазъи бади иқтисодӣ метавонад масъалаи марказии паёми навбатии раисиҷумҳур бошад."

"ИМРӮЗ-НЮЗ"

Аз он изҳори интиқод кардааст, ки "чаро фоҷиаи муҳоҷири тоҷик фоҷиаи Тоҷикистон нест?" Нашрия ҳодисаи ҷароҳати вазнин бардоштани 8 тан аз шаҳрвандони кишвар дар пайи фурӯ рафтани бинои бисёрошёна дар шаҳри Маскавро пӯшиш дода ва навиштааст, "дар Тоҷикистон дар робита ба бадбахтии ба сари ҷавонони тоҷик омада, натанҳо дар бораи дастгирии моддиву маънавӣ ҳарфе шунида намешавад, балки расонаҳои давлатӣ аз инъикоси ин хабари мудҳиш худдорӣ мекунанд."

"ФАРАЖ"

Матлаберо ба муносибати 80-солагии нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов зери номи "Аввалин президенти Тоҷикистон 80-сола шуд" мунташир кардааст. Қаҳҳор Маҳкамов зимни мусоҳиба гуфтааст, "ин ки одамон дар бораам фикрҳои мухталиф - мусбат ва ё манфӣ доранд, маро нороҳат намекунад, зеро дар тӯли фаъолияти кориям кӯшидаам, барои Ватан ва мардуми он кори некеро бовиҷдонона ва мунсифона анҷом бидиҳам..." Маҳкамов дар мавриди таҳаввулоти ахир дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон гуфтааст, "ба назари ман барои аз чунин вазъи ноҳинҷор баромадан, лозим аст, то роҳбарони ҳар ду давлат ранҷиши байниҳамдигарӣ ва нофаҳмиҳоро як сӯ гузошта, паси мизи гуфтушунид бинишинанд ва ҳамаҷониба вазъи мавҷударо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб баррасиву муҳокима намоянд." Вай ба ин назар аст, ки "дар ин маврид манофеъ ва тақдири мардумони ба ҳам наздикро бояд ба эътибор гирифт."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Мусоҳибаеро бо Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилӣ, ки дар зиндон ба сар мебарад, нашр кардааст, ки "Ёқуб Салимов: Байни савганд ва хиёнат" ном дорад. Вазири собиқи корҳои дохилӣ дар бораи вазъияташ дар зиндон сӯҳбат карда ва ба қазияи сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар Хуҷанд, дар соли соли 1997, рӯшанӣ андохтааст. Ёқуб гуфтааст, ҳамеша ба президент содиқ буд ва дар чорчӯби Конститутсия ва савганде, ки ёд кардааст, амал карда ва хиёнатеро ба раисиҷумҳур раво надидааст. Аммо вай сабаби пушти зиндон шуданашро кори он афроде донистааст, ки наздикии ӯро бо президент намехостанд ва онҳо "ҳоло ҳам дар пайи мақсадҳои нопокашон ҳастанд."

"МИЛЛАТ"

Дар матлаби "Марш: Бойҳо ба литсейи туркӣ, камбағалҳо ба мактаби миллӣ" зарар ва фоидаи муассисаҳои таълимии туркӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Ба навиштаи нашрия, "имрӯзҳо бархе нотавонбинон ва андакхондаҳо бо баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла бо такрори ибораҳои "асри муосир - асри технология ва тараққиёт, асри дастовардҳои фаннию техникӣ" ва дигар пешравиҳои кишварҳои Аврупоиро мисол оварда, мардумро ба қафомондагию нодонӣ гӯл зада, илоҷашро дар кушодани омӯзишгоҳҳо ва литсейҳои ғайритоҷикӣ дониста, бо ҳар баҳона санги маломат сӯи фарҳангу забони миллӣ партоб мекунанд." Аммо нашрия менависад, "хусусан кушодани литсей-интернатҳои тоҷикӣ-туркӣ, ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлол, яке аз ин иқдомҳо аст. Аммо бо гузашти муддати зиёд ҳеҷ не, ки таҳсилкардаҳои ин литсейҳо дар пешрафти кишвар саҳме гузошта бошанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG