Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти як мақоми баландпояи вазорати рушди иқтисод хабар дод.

Нуралӣ Назаров, сардори Раёсати молиявӣ ва баҳисобгирии вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, бо иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ дастгир шудааст.

Сӯҳроб Қоҳирӣ, масъули дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасод ва назорати амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 19-уми апрел бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Нуралӣ Назаров бо маслиҳати пешакӣ бо як мудир дар ин вазорат аз соҳибкоре барои баранда эълон кардани ӯ дар тендер 40 000 сомонӣ ришва гирифтааст.

Ба қавли ӯ, ин соҳибкор мебоист бо истифода аз маблағҳои грантӣ дар яке аз деҳоти ноҳияи Тоҷикобод чанд синфхона бунёд мекард. Ба иттиллои ҳамин манбаъ, нисбати ин масъули баландмақоми вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бар асоси моддаи 319, яъне "гирифтани пора бо миқдори калон аз тарафи шахси мансабдори давлатӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот аз сӯи бозрасони Оҷонсӣ идома дорад.

Дар сурати таъйиди ин иттиҳом
қонунгузории кишвар аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ кардааст. Зимнан, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар нишасти ахири матбуотии худ вазорати саноат ва энгергетика, вазорати кишоварзӣ ва вазорати маорифи Тоҷикистонро дар фасоди густардаи молӣ айбдор карда буд.

Ҷаноби Саидов таъкид карда буд, ки дар пайи ошкор шудани чунин камбуд ва ба маҳзи пешниҳоди онҳо вазири қаблии маорифи Тоҷикистон аз симмат барканор шудааст.

Нуралӣ Назаров, сардори Раёсати молиявӣ ва баҳисобгирии вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тайи се соли ахир дар ин мақом фаъолият мекардааст. Қаблан ӯ ба ҳайси муовини сардор дар ҳамин раёсат кор карда буд.
Аммо ҳодисаи боздошти як мақоми баландпояи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барои бори аввал рух медиҳад.

Вале ин боздошт дар ҳоле сурат гирифта, ки қаблан соҳибкорон аз хислати коррупсионӣ касб кардани тендерҳо изҳори ташвиш карда буданд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, низ моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи "хариди давлатии мол ва хидматрасонӣ" баргузории тендерҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатиро комилан ғайриқаноатбахш хонда ва гуфта буд, фақат ба хотири он ки маблағи ҷудошударо соҳибони ширкатҳо бигиранд, ҳатто ба нархи поинтар аз арзиши аслии иншоот ва ё амволи харидорӣ мешуда розӣ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG