Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз шоҳидони аслӣ дар муҳокимаи парвандаи қатли Парвиз Давлатбеков, маъруф ба "Бобои барфӣ", аз баёноти қаблии худ даст кашида ва гуфт, дар идораи пулис аз тарсу ҳаяҷон шоҳидии на чандон дуруст додааст.

Машраби Даврон дар нишондоди қаблӣ гуфта буд, гумонбаршудаҳои куштор Беҳрӯз Шарифов ва Ҳасан Абдурашидовро шаби соли нави милодӣ (2012), пас аз ҳодисаи куштори Давлатбеков дар хонаи як ҳамсабақашон дидааст. Бино ба ин нишондоди Машраб, шими Беҳрӯз Шарифов хунолуд буда ва онҳо дар даст корд доштаанд. Бар пояи нишондоди қаблии ҳамин шоҳид Беҳрӯз Шарифов гуфтааст, бо як бачаи помирӣ, ки дар тан либоси бобои барфӣ дошт, ҷанг кардаанд ва ӯ ба танаш корд зад.

Аммо дар муҳокимаи рӯзи панҷшанбе, 19-уми апрел, Машраби Даврон аз баёноти қаблӣ даст кашида ва гуфт, дар либоси кадоме аз гумонбаршудаҳо осори хунро мушоҳида накардааст. Ин баёнияҳои зиддунақиз баҳсу суолҳоеро дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки ду рӯзи пеш оғоз ёфтааст, ба миён овард. Додраси мурофиа Фахриддин Додометов ба шоҳидон ҳушдор дод, аз баёноти дурӯғин худдорӣ кунанд ва ҳақиқати ҳодисаро ошкоро бигӯянд.

Хушқадам Мақсудов, вакили мудофеи ҷониби ҷабрдида мегӯяд, дигар шудани мавқеи шоҳид ба тарсу ҳарос бастагӣ надорад. Ӯ мегӯяд, шояд касе ба Машраби Даврон роҳи нодурустро нишон додааст: "Ин хел ҳолатҳо мешавад, ки баъзан кас дар суд нишондоди худро дигар мекунанд. Дар ин хел ҳолатҳо бояд сабти авваларо оварда муқоиса кунанд ва муайян кунанд, ки сабаб воқеан тарс аст, ё не. Ин ҷо касе ба ӯ роҳи нодуруст нишон додааст, вагарна дар аввал онҳо ҳақиқати корро тасвир карда буданд."



Шоҳидони дигари ҳодисаи куштор Иброҳим Маллаеви ноболиғ, ки шаби соли нав бо ду гумонбаршуда мулоқот кардааст, тасдиқ намуд, ки Беҳрӯз дар воқеъ ҳодисаи кушторро нақл кардааст. Вакили дифои ҷониби ҷабрдидаҳо мегӯяд, гурӯҳи тафтишотӣ як корди дигарро дар ҷойи куштор ёфтааст, ки дастаи оҳанӣ дорад ва нақши ангушти қотил дар он сабт нашудааст. Ҳоло мушахас нест, ин корд ба кӣ тааллуқ дорад.

Аммо Беҳрӯз Шарифов, ноболиғе, ки дар куштори Парвиз Давлатбеков айбдор дониста мешавад, иқрор кардааст, ки корди дувумро ӯ аз мағоза (фурӯшгоҳ)-и варзишӣ харидааст. Ин нуктаро дар рӯзи дувуми мурофиа Ҳадятулло Расулов, фурӯшандаи мағозаи мазкур ҳам тасдиқ кард ва гуфт чанд рӯз қабл аз шаби соли нав айбдорашаванда аз дукони ӯ ҳамин кордро харидорӣ намуда буд.

Бино ба иттилои додгоҳ дар ин куштор дар маҷмӯъ 8 нафар гумонбар дониста мешаванд. Аммо ҳоло танҳо 4 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ки онҳо Фаррух Самиев, Шараф Далатов, Ҳасан Абдурашидов ва Беҳрӯз Шарифов мебошанд. Аммо Мавлуда Шарифова, модари Беҳрӯз Шарифов, нафаре, ки дар куштори Парвиз Давлатбеков муттаҳам дониста мешавад, дар рӯзи аввали мурофиа гуфт, ба айби эълоншуда нисбати фарзандаш розӣ нест ва эҳтимол дорад, ки эътирофи фарзанди ӯ бо роҳи фишор ба даст омадааст.

Ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли 2012 рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси "Бобои барфӣ"-ро ба тан кард, вале дар даромадгоҳи бинои манзили яке аз хешовандонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG