Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди ба истифода додани чандин маҷмааи варзишӣ дар кишвар иҷора ва тамрин дар ин толорҳо на ба ҳам дастрас аст.

Тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе се маҷмааи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Ин иншооти варзиширо Кумитаи андоз, Хадамоти алоқа ва корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикстандарт" дар пайи супориши раисиҷумҳур бунёд карданд.

Яке аз ин маҷмааҳои навсохт, ки дар маҳаллаи 46-уми пойтахти кишвар бо маблағгузории Кумитаи андози Тоҷикистон сохта шудааст, дорои 1,5 ҳазор ҷои нишаст буда, барои 12 намуди варзиш мувофиқ аст. Вақте вориди ин толори варзишӣ шудем, дар ин ҷо як гурӯҳ наврасону ҷавонон бо роҳбарии мураббӣ Матлуба Каримова тамрин мекарданд.

Хонум Каримова зимни сӯҳбат гуфт, ӯ ду намуди варзиш - бокс ва муҳорибаи тан ба танро ба ҷавонон таълим медиҳад: "Мо дар як ҳафта се маротиба ҷавононро машқ медиҳем. Пули якмоҳаи ҳар нафар варзишгар ҳамагӣ 45 сомонӣ аст. Боз бубинед, ки ҷавонон дар чи хел толори тозаю озода ва барҳаво тамрин мекунанд. Ҳамчунин баъд аз тамрин онҳо метавонанд шустушӯ карда, баъд ба хонаашон раванд."

Дар ин толор ҷавонон аз рӯи реҷаи муқарраршуда тамрин мекунанд, ки шумораи онҳо ҳар рӯз 550- 600 нафарро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи хонум Каримова, ҳамкасбони ӯ толорро барои машқ иҷора мегиранд, вале бо вуҷуди ин, онҳо аз ҳисоби худ як зумра ҷавонони маълулро бепул машқ медиҳанд: "Ҳоло дар ин толор як нафар тамрин карда истодааст, ки аз кувваи шунавоӣ ва гуфтор маҳрум аст. Вай бепул дар ин ҷо машқ мекунад ва ба мисли ӯ мо ба 6 нафари дигар ҳам имконият додаем, ки дар толор омода ройгон ба варзиши бандан машғул шаванд."

Аммо ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, аз толорро иҷора гирифтану тамрин додани ҷавонон, суди зиёде намебинанд ва моҳонаашон ҳам ночиз аст. Вай дар як моҳ аз ин варзишгоҳ ҳудуди 200 сомонӣ маош мегирад, чун 70 дарсади маблағи аз шогирдон ба даст овардааш барои иҷорапулии толор сарф мешавад.

Анваршо Ташрифов, мудири бахши молиявии ин маҷмааи варзишӣ гуфт, нархномаи иҷорадиҳиро Кумитаи андоз, ки соҳибмулки ин толор аст, муқаррар кардааст: "Барои мисол, як соат ба футбол машғул шудан дар толори варзишгоҳ 100 сомонӣ нарх дорад. Дар ин маблағ шустушӯ кардан, иваз кардани либос ва дигар хидматрасониҳои варзишгоҳ дохил мешаванд."

Ҷаноби Ташрифов афзуд, танҳо онҳое, ки бо тасмими ҳукумати ноҳия ҳамчун шахсони камбизоат эътироф шудаанд, метавонанд дар толор ройгон ё бепул тамрин кунанд.

Маҷмааи варзишие, ки онро Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар маҳаллаи “Моҳи нав”-и Душанбе бунёд кардааст, аз чаҳор моҳ ба ин сӯ фаъолият дорад. Тоҷиддин Мададов, муовини сарвари ин толори варзишӣ, дар сӯҳбат гуфт, дар ин ҷо аллакай 5 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ баргузор шудааст, вале дар айни ҳол афзуд, варзишгоҳ то ҳоло бо оби гарму системаи гармидиҳӣ таъмин нест: "Мо ният дорем, дар назди маҷмааи варзишӣ як маркази гармидиҳӣ созем, ки толорро бо гармӣ дар зимистон ва оби гарм таъмин кунад. Бе ин намешавад."

Ҷаноби Мададов таъкид кард, дар ин иншооти варзишӣ шахсони камбизоат ва инчунин фарзандону кормандони сохторҳои тобеи Хадамоти алоқа низ метавонанд ройгон ба варзиш машғул шаванд.

Чунин маҷмааҳои нави варзишии замонавӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, на ба ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дастрасанд. Зеро нархи гарони тамрин дар онҳо, на ба ҳама имкон медиҳад, ки ба намудҳои дӯстдоштаашон машғул шаванд ва ё саломатии худро барқарор кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG