Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷик узви гурӯҳи тундрав дар маҳбаси Уляновск


Мақомоти Русия мегӯянд, дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Уляновск, созмони тундгарои “Аморати Қафқоз”-ро кашф ва аъзои онро муҷозот кардаанд. Хабаргузории “Интерфакс” ба нақл аз мақомоти амниятии Русия мегӯяд, чандин узви ин созмон аз ҷамоҳири Қафқози Шимолӣ ва яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ифшо шудааст, ки яке аз таъсисдиҳандагони ин созмони тундрави исломӣ дар колонияи рақами 2-и Уляновск аллакай озод гашта, бақия дар дохили маҳбас фаъолият доштаанд.
XS
SM
MD
LG