Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳақсӯз". Эҳёи нашрияи Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон


Нашрияи "Халқ овози", ки дар Душанбе ба чоп мерасад.

Нашрияи "Халқ овози", ки дар Душанбе ба чоп мерасад.

"Ҳақсӯз", нашрияи "Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон", баъд аз таваққуфи 15-сола дубора рӯи чоп хоҳад омад.

Ин нашрия, ки бо забони узбакӣ ва дар шаҳри Душанбе мунташир хоҳад шуд, бо саъю талоши "Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон" дар вазорати фарҳанги ин кишвар сабти ном шудааст.

Отабек Ғоибов, як масъули чопи нашрияи "Ҳақсӯз" рӯзи панҷшанбеи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ният доранд, ҳафтае як бор ва бо теъдоди якуним ҳазор нусха нашрияро ба чоп расонанд.

Вале дар сурати бештар шудани муштариён шумораи он низ афзоиш пайдо хоҳад кард. Ӯ афзуд, ин нашрия бештар ба масоили фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бахусус масоили дӯстии байни халқҳо матолиб ба нашр хоҳад расонд. Ин нашрия дар замоне рӯи чоп меояд, ки Тоҷикистону Узбакистон марҳилаи нохуби равобиташонро пушти сар мекунанд.

Дар зимн, нашрияи "Ҳақсӯз" дар аввали солҳои навадуми қарни гузашта бо ибтикори ҷамъе аз рӯзноманигорон ва адибони узбаки Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расида буд. Ин нашрия то соли 1997-ум чоп мешуд.

Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон танҳо созмони ғайридавлатии ақалиятҳои миллӣ дар ин кишвар аст, ки органи чопии худро дорад. Аммо бар иловаи ин, дар Тоҷикистон нашрия ва саҳифаҳои махсус ба забони узбакӣ низ нашр мешаванд. "Халқ Овози" шакли узбакии нашрияи "Садои мардум", нашри порлумонист. Дар вилояти Суғд ҳам рӯзномаи "Суғд ҳақиқати" то ҳол фаъол мебошад.

Гузашта аз ин, дар бархе аз нашрияҳои ноҳивяӣ ҳам як ё ду саҳифаи узбакӣ амал мекунад, ки матолиб ва ё шеърҳоро ба забони узбакӣ нашр менамояд. Ҳамчунин, ҳафтае як бор дар Шабакаи аввали Тоҷикистон барнома ба забони узбакӣ намоиш дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG