Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Ҷопон воридоти нафти худ аз Эронро ба сурати ногаҳонӣ то 55 (панҷоҳу панҷ) дарсад коҳиш додааст.

Гузоришҳои дигар баёнгари онанд, ки Тайван ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ низ воридоти нафт аз ҷумҳурии исломиро камтар кардаанд.

Як манбаъ аз ниҳоди бозаргонии Ҷопон ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ин кишвар хариди нафти Эронро ба хотири риояти таҳримҳои Ғарб бар зидди ҷумҳурии исломӣ коҳиш дод. Ин иқдоми Ҷопон, кишваре, ки дар листи чаҳор муштарии умдаи нафти Эрон дар Осиёст, дар ҳоле анҷом шуда, ки таҳримҳои рӯзафзуни Ғарб мушкилоти пардохти пул, боргирӣ ва бимаи нафти Эронро печидатар кардааст.

Манбаъ аз ниҳоди бозаргонии Ҷопон ба "Ройтерз" гуфтааст, Ҷопон барои моҳи ҷорӣ танҳо хариди 75 ҳазор бушка нафт аз Эронро дар барнома дорад. Дар ҳоле ки то ду моҳи пеш ин кишвар рӯзона то 323 ҳазор бушка нафти хомро аз Эрон ворид мекард.

Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати нафти Тайван низ рӯзи чаҳоршанбе (18-уми апрел) гуфтааст, ин ширкат воридоти нафт аз ҷумҳурии исломиро коҳиш додааст. Ахиран хабаргузории "Ройтерз" бо истинод ба омори гумрукии Ҷопон, Чин ва Куриёи Ҷанубӣ гузориш дода буд, ки ин се кишвар то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ хариди нафти Эронро дар маҷмӯъ 22 дарсад камтар кардаанд.

Ҷопон тақрибан 10 дарсади нафти воридотиашро аз Эрон мехарад. Иёлоти Муттаҳида бинобар барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримҳо эълон карда ва аз кишварҳои дигар хостааст, аз он пайравӣ кунанд. Рӯзи 30-юми марти соли ҷорӣ раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, баъд аз рӯшан кардани он ки нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ кофӣ хоҳад буд ва ба шарикони Амрико осеб нахоҳад расонд, дар пайи татбиқи таҳримҳои зидди Эрон шуд.

Дар сурати даст кашидани аксари муштариён, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ аз хариди нафти Эрон, фишор ба иқтисоди бемори ин кишвар афзоиш хоҳад ёфт, чун 50 дарсади даромади буҷаи давлатии Эрон аз ҳисоби фурӯши нафт аст. Аммо ширкати миллии нафти Эрон мегӯяд, даст кашидани кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз хариди нафти кишвар, ҳеҷ паёмади манфие нахоҳад дошт, зеро дар бозорҳои Осиё ба мисли Ҳинду Чин харидор хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG