Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон бо раиси кумиссюни энержии Созмони Милал


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо ёвари Дабири кулли Созмони Милал, Луис Горатсио Гомес Ечеверри, аз шомил шудани кишвараш ба панҷгонаи барномаи озмоишии энержии Созмони Милал истиқбол кард. Қарор аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳи имдод ба мамолики ниёзманди энержиро дар мисоли 5 кишвар озмоиш кунад. Зимни барномаи “Энержии доимӣ барои ҳама”, ки Ечеваррӣ раиси кумиссюни он дар Созмони Милал аст, ба Тоҷикистон дар роҳи дастрасии мардумаш ба нерӯи барқ ёрӣ расонда хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон дар фасли сармо аз ин нерӯ маҳрум аст. Дар мулоқот ишора шуд, ки Тоҷикистон яке аз манбаъҳои энержии барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст.
XS
SM
MD
LG